- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Амалиёти назоратии сарватҳои табиӣ дар шаҳри Хуҷанд

Аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар фаъолияти худ ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои вайрон кардани талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳангоми амалиёти навбатӣ аз ҷониби нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити шаҳри Хуҷанд қонунвайронкунӣ ошкор гардид.

Нисбат ба шаҳрванд Тӯйчиев Н. бо дастрасии моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истихроҷи ғайриқонунӣ ва кашонидани сарватҳои табиӣ – канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг) протокол тартиб дода, ҷаримабандӣ амалӣ гардид.

Иловаи шарҳ