- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба истифода дода шуд

Санаи 24 сентябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар қатори иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки иншооти бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар масоҳати умумии қитъаи замини 897м2 бунёд гардидааст. Лоиҳаи сохтмони иншоот аз ҷониби ҶДММ «Аркон»-и шаҳри Душанбе таҳия гарида, корҳои сохтмониро ташкилоти пудратчӣ — ҶДММ «Сомон- Орзу» ба иҷро расонид.

Бинои идораи маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум Осорхона ва толори маҷлисгоҳ воқеъ гардидааст. Ошёнаи 2-юм аз утоқҳои кории мутахассисони бахш иборат буда, барои онҳо шарити хуби корӣ ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ барои пешбурди фаъолияти корӣ фароҳам оварда шудааст, инчунин як ҳуҷра барои бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар Ошёнаи 3-юм меҳмонхона воқеъ гардида, он аз ду ҳуҷра барои хоби меҳмонон, як ҳуҷра барои ошхона, як ҳуҷра барои нишасти меҳмонон, сохта шудааст.

Иловаи шарҳ