- Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмун

22 сентябри соли ҷорӣ дар маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон чорабинии супоридани диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва намояндагони воситаи ахбори омма баргузор гардид. Оғоз аз моҳи марти соли равон озмун барои хонандагон дар мавзӯи «Тозагии муҳити зист – омили саломатии ҷомеа» ва намояндагони воситаи ахбори омма таҳти унвони «Сатҳи баланди маърифати экологӣ — пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» эълон гардида буд. Озмунҳои мазкур ҷиҳати мусоидат ба татбиқи фарогирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019 – 2021» дар 6 номинатсия баргузор гардида, ҷамъбаст карда шуд.

Дар маҷмӯъ, аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Деваштич, Мастчоҳ – 14 нафар хонандагон ва 6 нафар рӯзноманигорону кормандони телевизион ва радио аз вилояти Суғд сазовори мукофотҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси Кумита даҳ сол инҷониб озмунҳои мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳавасмандии хонандагон ва рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ