- Хабарҳо

Оғози сохтмони бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон

Санаи 22 сентябри соли 2020 дар шаҳри Бӯстон бо иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., Раиси шаҳри Бӯстон Ҳошимзода Р. ва дигар шахсони масъулу намояндагони мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр оғози сохтмони бинои маъмурии нави бахши ҳифзи муҳити зист амалӣ гардид.

Боиси қайд аст, ки бинои 2-ошёнаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон сохта мешавад ва ифтитоҳи он то ин ҷашни бузург пешбинӣ гардидааст.

Иловаи шарҳ