- Хабарҳо

Баргузории мизи мудаввар оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»

Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» мизи мудаввар бо муррабиёни кудакистонҳо ва муаллимони биология-экологияи шаҳри Хоруғ баргузор намуд.

Ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур татбиқи Барномаи болозикр дар сатҳи таҳсилоти томактабӣ, корҳои асосӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии кӯдакон дар кӯдакистонҳо амалӣ карда мешаванд. Он асосан аз мушоҳидаи объектҳои зинда, иштирок дар ташкили гӯшаи экологӣ бо ҷонварон дар табиат, ғамхорӣ ва нигоҳубини ҳайвонот, гулҳо, инчунин сохтани ашёи гуногун аз маводи табии, бозиҳои эҷодӣ, машғулиятҳои дидактикӣ, мавзӯиву нақшавӣ ва таҷлили санаҳои экологӣ, ташкили озмунҳо барои расми беҳтарин дар мавзӯи муҳити зист иборат аст. Маърифат ва тарбияи экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил гузаронида мешавад.

Маърифати экологии кӯдакони синни томактабӣ ҳамчун як ҷузъи маърифати муттасили экологӣ ҳамеша яке аз самтҳои муҳими кори муассисаҳои томактабӣ буда, бояд ҳолатҳои зеҳнӣ ва равонии кӯдакро фаро гирад.Фарҳанги экологии кӯдакон бояд ҳанӯз дар муассисаҳои томактабӣ ташаккул ёбад. Ташкили чунин чорабиниҳо, ташаккули ниёзҳои хонандагони синфҳои поёниро ба дониш дар бораи олами атроф ва дар навбати аввал, муносибати инсондӯстона ба муҳити зист ва ба мавҷудоти зинда мебошад.

Иловаи шарҳ