- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Барномаи давлатии маърифати экологӣ дар парлумони кишвар баррасӣ гардид

30 апрел таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳудудҳои махсуси муҳофизатшавандаи табиӣ бо мақсади ҷалби сайёҳон баргузор гардид.

Акрамшо Фелалиев зимни баромади хеш иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки солҳои      2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома, дар назди ҳозирин Абдураҳмонзода Саидумрон- муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сатҳи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур маълумот дод.  

Ҳамзамон, Назирӣ Латофат- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирбекзода Ҳабибулло- муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Раҷабалӣ-муовини директори Агентии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ахборот баромад намуданд.

Дар анҷоми «Соати парлумонӣ» роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.

Сарчашмаи иттилоот: http://parlament.tj

 

Иловаи шарҳ