- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Баргузории ҳамоиши ҷавонони Кумитаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

22 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонони Кумитаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Қиёмзода З.С. баргузор гардид. Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Интихоби мо-Пешвои миллат» дар ҳошияи Анҷумани 14-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон вобаста ба пешбарӣ намудани номзади Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурда мешавад.

 Дар ҳамоиши мазкур Изҳороти ҷавонони Кумита ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ба хотири амнияти сартосарӣ, пойдории сулҳу суботи давлату миллат, фароҳам овардани шароити зиндагии осоишта ба ҳар як сокини мамлакат, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва боз ҳам ободу зебо ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳтиромона аз номи тамоми иштирокдорони ҳамоиши имрӯза номзадии пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи навбатии дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем» пешниҳод шуд.

Дар ҳошияи чорабинии сиёсӣ бо шиорпартоӣ ва кафкубиҳои бардавом изҳор  дошта шуд, ки барои иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав баҳри рушду суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои устувор мегузорем.

Иловаи шарҳ