- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар шаҳри Ваҳдат

Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Чӯянгарон, Симиганҷ, Н. Розиқ ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Ваҳдат аксияи «Тозагии маҳал»  ва аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.  Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарон 120 нафар сокинон иштирок намуда, 15, м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд. Дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ бошад 180 нафар иштирок карда, 18 м3 партовҳо бароварда шуданд. Иштирокдорони аксияҳои болозикр дар ҷамоати деҳоти Н. Розиқ 100 нафар ва партовҳои интиқолдодашуда 25 м3 –ро ташкил дод. Ҳамзамон дар ҷамоати деҳоти Ромит 47 нафар иштирок намуда, 8 м3 партовҳо аз ҷойҳо бароварда ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд. Дар ҳудуди шаҳр 250 нафар иштирок карда, ба миқдори  21 м3  партовҳо  бароварда шуданд.

Дар баробари ин, байни сокинон оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ вохӯриҳо низ гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ