- Хабарҳо

Озмуни «Ҳифзи табиат –асоси рушди сайёҳӣ»

Рӯзи 26-апрели соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №-1-и ноҳияи Фархор бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, баҳри  иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни ноҳиявии «Ҳифзи табиат –асоси рушди сайёҳӣ» гузаронида шуд. 

Дар озмуни мазкур хонандагони зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ширкат варзиданд.   Озмун бо 6 номинатсия (расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, сурати беҳтарин, видеоролики беҳтарин, кори меъмории беҳтарин) гузаронида шуд, маводҳо дар ҳамин номинатсияҳо пешниҳод гашт.

Ғолибони озмун аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Иловаи шарҳ