- Хабарҳо

Вохӯрӣ бо хонандагон дар шаҳри Хоруғ

Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ дар доираи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 дар бораи «Барномаи давлатии коплексии рушди тарбия ва маърифти экологии ҶумҳурииТоҷикистон дар давраи то соли 2020» ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур санаи 14 сентябр соли 2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ вохӯрии кормандони ҳифзи муҳити зисти маҳаллӣ бо хонандагон дар мавзӯъ ва масъалаҳои маърифати экологии аҳолӣ, истифодабарии оқилонаи захираҳои об, набототу ҳайвонот доир намуд.

Дар қисмате аз вохӯрӣ байни хонандагон ва нозирони соҳавӣ оид ба чораҳо баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист суолу ҷавоб сурат гирифт. Хонандагон ба саволҳои додашуда ҷавоби пурра доданд. Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама дар шуури хонандагон ташаккул додани ҳисси ғамхорӣ ба табиат аст.

Иловаи шарҳ