- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Амалиёти назоратӣ дар самти канданиҳои фоиданоки маъмули умум

Тибқи нақшаи кори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи нозирони бахш дар ҳудуди деҳаи Ҳабутак, ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ҳангоми бе иҷозат истихроҷ намудани хоки лалмӣ ба шаҳрвандони ноҳияи Спитамен Абдураҳмонов Завқиёр ва Ҳамроқулов Неъматҷон тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷарима ва зарари ба табиат расонидашуда пешниҳод карда шуд.

Иловаи шарҳ