- Хабарҳо

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Айнӣ

Баҳри таъмини иҷрои талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва қонун «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мунтазам амалиётҳо гузаронида мешавад.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт дар мавзеи Фон деҳаи Пинён аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ ҳангоми ошкор намудани кони ғайрирасмии ангишт ва бе иҷозат кандани он ба шаҳрвандон Маҳмудов А. ва Рузиев Б. тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷарима ва зарари ба табиат расонидашуда ҳисоб ва пешниҳод карда шуд.

Иловаи шарҳ