- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

16 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон

16 сентябр бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ифтихори ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон эълон гашт. Ин санаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 1995 инҷониб таҷлил мекунанд.

Аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ин самт корҳои муайян  амалӣ гардида истодааст. Аз рӯи маълумот дар  миқёси вилоят 32 адад нуқтаҳои манбаъҳои истихроҷкунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи нақшаи чорабинӣ нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои таъмири яхдонҳо, сехҳои яхмосбарорӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, мағозаҳои фурӯши фрион ва яхдонҳои нигаҳдории маҳсулотро санҷида, пешниҳодҳои ҳатмӣ оид ба нигаҳдорӣ ва ба расмият даровардани таҷҳизот дода шуд, ҳамзамон корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда истодааст. Раёсат ба нақша гирифтааст, ки санҷиши корхонаҳои истихроҷкунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро давом дода, онро зери назорати доимии худ қарор диҳад.

Бо назардошти аҳамият ва ҷиддияти вазъи экологӣ яке аз принсипҳои Консепсия, ки рушди босуботи инсонро ба роҳбарӣ мегирад ва вазифаи муҳимтарини он баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба шумор меравад. Тибқи нақша инчунин корҳои муайяне ба сомон расида истодааст.

Иловаи шарҳ