- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар шаҳри Норак

Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак тибқи нақшаи корӣ баргузории аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал»- ро ба роҳ  монда,   ҳар рӯзи шанбе бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо ҳашарҳо мегузаронанд ва соҳили дарё  ва маҳаллаҳо аз партовхо тоза карда мешаванд. Бахшида ба пешвози сазовори 30-солагии  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чор адад қаиқи шиноварӣ ва иштироки васеъи аҳолӣ, зиёда аз 800 метр соҳили дарёи Вахш ва маҳаллаҳои аҳолинишин аз партовҳои сахти маишӣ  ва пластикӣ тоза карда шуда, партовҳои ҷамъкардашуда, ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

Аз тарафи мутахассисони бахш ва масъулини нуқтаҳои хизматрасонии шафати шоҳроҳ барои саривақт  баровардани партовҳо ва гузоштани  қуттиҳои партовҷамъкунии муввақатӣ дар паҳлуи дуконҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 Боғи фарҳангӣ —  фароғатии шаҳр зери назорати доимии бахш қарор дорад, инчунин дар дохили боғи фарҳангӣ гулҳои ҳархелаи мавсимӣ бо компазитсияҳои гуногун шинонида шуданд.

Иловаи шарҳ