- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Корҳои ободонӣ ва тозагии муҳити зист дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри истиқболи созовори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ба истиқболи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон корҳои созандагию ободонӣ ва тозагии муҳити зист мунтазам идома дорад.    

Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун дар ҳудуди ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ   аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кӯчаҳои  шаҳрак аз партовҳо пурра тоза карда шуда, дарахтони сояафкани бисёрсола ба таври буриши санитарӣ ба тартиб дароварда шуданд.

Дар дигар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ баргузории чунин шанбегиҳо, кор дар ин самт  идома доранд. 

Иловаи шарҳ