- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Данғара

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амри Раиси ноҳияи Данғара дар бораи гузаронидани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», инчунин дар амал иҷро намудани талаботҳои моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 9-11-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июни соли 2011 №279 «Дар бораи тасдиқ, тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдори ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар муҳити тозаю солим пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуд.        

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара дар кӯчаҳои ҷамоати шаҳраки Данғара аз он ҷумла, дар кӯчаҳои Советӣ  назди сохтмони Парчам, рамзи Хушаи Гандум, М.Турсунзод ва Н.Миралӣ ду тарафи шафати роҳи мошингард бо иштироки 450 нафар омӯзгорон, донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Данғара ва кормандони касбу кори гуногун гузаронид. 

Дар ин Аксияҳо 2 партовгоҳи ғайрирасмӣ бо пуррагӣ тоза карда шуда, дар ҳаҷми 38 метри кубӣ партовҳо ва алафҳо тоза карда бо воситаи ду адад нақлёти боркаши КДФ «ХМК»-и ноҳия ба партовгоҳи ноҳиявӣ бароварда шуд. Инчунин дар соҳилҳои канали паспартов дар назди шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар якҷоягӣ бо кормандони корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию камуналии ноҳия ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Данғара аксияи «Тозагии соҳил»-ро бо иштироки 32 нафар ва бо як адад техникаи борбардор гузаронида, як адад партовгоҳи ғайрирасмӣ аз байн бурда шуд.  Дар аксияҳои мазкур ду тарафи шафати шоҳроҳи мошингарди кӯчаҳои дар боло зикргардида, ки ниҳолҳои ҳамешасабз ва алафҳои ҳамешасабз (газон) кишт карда шудааст аз алафҳои бегона тоза карда ва барои сарсабз намудан гирду атрофи ниҳолҳо нарм карда шуданд. Корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо тариқи ҳашари умуминоҳиявӣ ва бо ҷалби соҳибкорон рафта истодааст.   

Ҳамзамон мутахассисони шуъба оид ба моҳияти аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзу нигоҳубини навниҳолҳо ба аҳолӣ ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маслиҳатҳо доданд.

Иловаи шарҳ