- Хабарҳо

Ҷаласаи 19-уми округи интихобии Фонди глобалии экологӣ (ФГЭ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

16 апрели соли 2019 дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) ҷаласаи 19-уми округи интихобии Фонди Глобалии Экологӣ (ФГЭ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон кори худро оғоз намуд. Кори ҷаласаро Вазири экология ва сарвтаҳои табии Озарбойҷон ҷаноби Мухтор Бобоев бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро пазироӣ намуда, оид ба вазъияти кунунӣ ва мушкилиҳои экологии Озарбойҷон суханронӣ намуд. Баъдан шахсони масъули Котиботи ФГЭ оид ба қоидаҳо ва талаботҳои нави расонидани кӯмаки молӣ ба кишварҳо аз ҷониби ФГЭ бо рунамо баромад намуданд. Навовариҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар рафти муҳокимаронӣ оид ба муайн намудани масъулияти тарафҳо ва муайян намудани масъалаи мазкур намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нейматулло Сафаров ва Диловаршо Дустов суханронӣ намуда, оид ба ҳамкориҳо миёни намояндагони (агентҳои) ФГЭ ва мақомотҳои иҷроияи миллӣ қайд намуданд.

Ҷаласаи мазкур бо дастгирии Котиботи ФГЭ ва Ҳукумати Швейтсария ташкил карда шуда, дар кори ҷаласа намояндагони масъули Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доштанд. Инчунин намояндагони (агентҳои) ФГЭ ва шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Барномаи озуқавории СММ , Бонки Рушди Осиё , Бонки Осиёии Таҷдид ва Рушд ва Маркази минтақавии экологии Осиё дар муҳокимарониҳо иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласаи мазкур давоми ду рӯзи минбаъда, то 18 апрели соли 2019, муҳокимаи лоиҳаҳо ва барномаҳои давлатҳои иштирокчӣ ва афзалиятҳои пешбинишуда дар чаҳорчубаи давраи ФГЭ-7 дар нақша гирифта шудааст.

Иловаи шарҳ