- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

14 сентябри соли 2020  маҷлиси навбатии ҳарҳафтаи  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар рӯзномаи маҷлис масъалаи  натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он дар ҳафтаи аз 7 то 13 сентябри   соли 2020 ва масъалагузориҳо барои ҳафтаи оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи тартиби тасдиқшуда нахуст ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. шунида шуд. Пас аз он сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита ва алоҳида сохторҳои тобеи он дар ш. Душанбе, аз ҷумла шуъбаҳои назорати давлатӣ, Экспертизаи давлатии экологӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда», Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, муассисаҳои илмӣ ва марказҳо дар самти фаъолияти якҳафтаинаашон  гузориш доданд.

Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҳисоботҳои додашудаи масъулони соҳавиро хулосагирӣ намуда, аз фаъолияти номукаммали баъзе самтҳо, аз ҷумла самти мониторинг ва назорат оид ба муомилот бо партовҳо изҳори нигаронӣ намуд.  Қайд карда шуд, ки шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар самти иҷрои саривақтии мактубҳои алоҳида ва дар сатҳи зарурӣ  роҳандозӣ накардани  фаъолият ба камбудиҳо роҳ дода шудааст.

Ҳамзамон Раиси Кумита Шерализода Б. ба сардорони воҳидҳои сохторӣ оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои протоколии Раиси Кумита, дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани мактубҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати иҷроиши корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо назардошти ҳамаи масъалаҳои  баррасишуда, дастуру супоришҳо ва таклифу пешниҳод, қарори дахлдори маҷлис қабул гардида,  барои корбарӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ