- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Мурғоб

Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ оид ба иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷуйборҳо корҳои муайянро ба сомон расонид.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб баҳри корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ноҳия тибқи нақшаи кори шуъба аксияи «Тозагии соҳил-2020»-ро бо иштироки кормандони идораю муассисаҳо гузаронид.

Дар аксия 156 нафар сокнинон, толибилмон ва кормандони касбу кору гуногун иштирок намуда, 1,5км соҳили дарёи Ақ-Су-ро аз партовҳои маишӣ тоза намуданд. Дар маҷмуъ 5м3 партов ҷамъоварӣ ва ба воситаи 1 техника ба партовҷо интиқол дода шуд.

Иловаи шарҳ