- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Сабзкориҳо дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсат ба хотири сазовору хотирмон таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ва тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Сабзкориҳо аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят бо суръат идома дода, талош бар он доранд, ки ба шаҳру навоҳӣ зебоии нав зам кунанд.

Аз ҷумла, масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар кӯчаи марказии ноҳия, назди ташкилоту муасссаҳо, биноҳои навбунёдшудаи ноҳия ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳои ороишӣ машғул мебошанд.

Бинобар иттилои Абдуллозода Ҷалолхон мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баҳри сарсабзу хуррамгардонии ноҳия то ба имрӯз ҳазор адад арчаҳои ҳамешасабз, 200 адад дарахти ороишӣ, 20- ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Бино ба гуфти мавсуф рӯзҳои наздик шинонидани 15-ҳазор бех гулҳои ороишӣ дар ҳудуди ноҳия дар назар дошта шудааст.

Иловаи шарҳ