- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ

Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №391, аз 21 сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт.

Ба наздикӣ дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни мазкур дар мамнуъгоҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ бомаром идома дошта, дар ободу зебо намудани мамнуъгоҳ мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят низ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

Дар рафти маъракаи кабудизоркунӣ бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологии мамнуъгоҳ аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент 47500 бех гулҳои ороишӣ ба монанди салвия, тагетес, катарантус ва 170 бех дарахтони сояафкан харидорӣ ва шинонида шуданд.

Иловаи шарҳ