- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Носири Хусрав

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкориро ҳаматарафа бар роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои ноҳия 10 ва 11–уми сентябри соли 2020 бо иштироки ташкилоту муассисаҳо, ва шаҳрвандони ноҳия аксияи “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” гузаронид.

Дар аксияҳо зиёда аз 500 нафар сокинони шаҳраки Баҳор иштирок намуда, бо дарозии 2,5 км кӯчаю роҳҳою ва соҳили каналу ҷуйҳо тоза карда шуда, ба миқдори 38 куб партовҳо бароварда шуданд. Чунин корҳои ободонию тозагӣ дар дигар ҷамоату деҳотҳои ноҳия дар назар дошта шудааст.

Иловаи шарҳ