- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Аксияи кабудизоркунӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Тстиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рӯзи 25 апрел  дар ноҳияи Роштқалқаи ВМКБ  аксияҳои «Ободонию кабудизоркунӣ мароми мост»  ва «Тозагӣ гарави саломатӣ» гузаронида шуданд.

Тавре Зуҳро Муллоикматова, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод, дар аксияҳои номбурда зиёда аз 90 нафар сокинони сину соли гуногун, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дар маҷӯъ беш аз 100 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, кучату гулҳои  ҳархеларо дар маркази ноҳия шинонида,  роҳҳои асосӣ,  боғҳо ва гирду атрофии биноҳоро тоза намуданд. Мавриди зикр аст, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти  Тавдем, Тусён, Мирсаид Миршакар ва дигар ҷамоатҳои ноҳиябосуръат ҷараён дошта, бонувону ҷавондухтарон ҳам дар онҳо иштирок менамоянд.

Иловаи шарҳ