- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Озмунҳои ҳифзи муҳити зист натиҷагирӣ ва ғолибон қадрдонӣ карда шуданд

11 сентябри соли равон дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид, дар он  ғолибони озмуни ҷумҳуриявии ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ карда шуданд.

Дар расми супоридани Димлому ифтихорномаҳо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Қайд карда шуд, ки дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 аз ҷониби Кумита озмунҳои экологӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 байни кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ — пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» ва дар байни  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзӯи «Тозагии муҳити зист-омили  саломатии ҷомеа» эълон гардид. Мақсад аз  ташкил ва гузаронидани озмунҳоҳои мазкур ҷалби бештари таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бедор намудани ҳисси ғамхории  наврасон  нисбат ба табиат ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар ин бора фармоишҳои Раиси Кумита аз 5.02.2020, №19  ва №20 ба имзо расонидааст.  Озмуни мазкур байни кормандони воситаҳои ахбори омма дар 3 номинатсия маводи беҳтарини телевизионӣ, маводи беҳтарини радио ва маводи беҳтарини матбуотӣ гузаронида шуд.  Ҳамзамон, эълони озмун байни хонандагон 6 номинатсияро дарбар мегирифт, аз ҷумла видеоролики беҳтарин, кори меъмории беҳтарин, расми беҳтарин, сурати беҳтарин, ҳикояи беҳтарин ва шеъри беҳтарин. Дар асоси Фармоиши Раиси Кумита Комиссяи озмун таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон таъсис гардида, маводҳои аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳодгардидаро баррасӣ карда, дар асоси қарори протоколи озмун аз рӯи баҳогузории аз 1 то 5 холӣ ғолибон муайян гардиданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулиро ба ғолибони озмун дар вазъи тантанавӣ супорид.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Кумита чунин озмунҳои эҷодӣ байни табақаҳои гуногун, аз ҷумла хонандагон ва кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯъҳо ва масъалаҳои муҳимтарини экологӣ ташкил ва гузаронида мешавад, ки ин тамоюл ба  баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ