- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Роштқалъа

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ, санаи 5 сентябри соли 2020 дар ҳамдастӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сокинони ноҳия дар ҷамоати деҳоти Қ. Гадолиев ва маркази ноҳия аксияи  «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, ки дар рафти баргузории он  85 нафар иштирок намуданд.

Дар аксияи мазкур ҳудудҳои алоҳидаи соҳилҳои дарёи Шоҳдара дар масофаи 3,5 км аз партовҳои гуногуни пластикӣ, шишаву қоғазпораҳо дар ҳаҷми 3м3 ҷамъоварӣ ва ба канори роҳ бароварда пас аз он, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия мошини партовкашонӣ ташкил гардида, халтаҳои партов ба партовгоҳи махсус интиқол дода шуданд.

Иловаи шарҳ