- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

7 сентябри соли 2020  маҷлиси навбатии ҳарҳафтаи  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он дар ҳафтаи аз 31 август  то 4 сентябри   соли 2020 баргузор гардид. 

Тибқи тартиби кори маҷлис, оид ба нишондодҳои фаъолияти ҳафтаи сипаришуда дар сохторҳои маҳаллии Кумита, сардори Раёсати мониторинг  ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев Абдусалим ба таври мушаххас маълумот  дод. 

Пас аз шунидани гузориши Ҷӯраев А. аз ҷониби ҳар як сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита, аз ҷумла шуъбаҳои назорати давлатӣ, Экспертизаи давлатии экологӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»,  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, муассисаҳои  илмӣ ва марказҳо дар самти фаъолияташон гузоришҳо шунида шуд.

Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо назардошти муҳокимаи масъалаҳои ҳисоботҳои пешниҳодгардида ба ҳар як масъулони воҳидҳои сохторӣ оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои протоколии Раиси Кумита, дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои  додашуда,  бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, қарори дахлдори маҷлис қабул гардид ва барои корбарӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ