- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Мурғоб

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоби ВМКБ оиди иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо корҳои муайянро ба сомон расонид.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб баҳри сазовор пешвоз гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша аксияи «Тозагии соҳил-2020»-ро бо иштироки толибилмон ва кормандони идораю муассисаҳо дар ҷамоати Аличур гузарониданд.

Дар ин аксия 200 нафар иштирок намуда, 2 км соҳили дарё аз партовҳои маишӣ тоза карда шуданд. Дар маҷмуъ 1,5м3 партовҳо ҷамъ карда, ба воситаи 1 техника ба партовгоҳ интиқол дода шуданд.

Иловаи шарҳ