- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар Хуҷанд

Дар доираи иқдоми 1300 рӯзи меҳнати зарбдор  ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 апрели соли равон  дар соҳили дарёи Сир аксияи экологӣ  гузаронида шуд.

Аксияи мазкур бо ташаббуси  Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо донишҷӯёни кафедраи экология ва  ҳифзи табиати  факултаи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров доир гардида, дар рафти он соҳили чапи дарёи Сир аз ҳудуди Маркази дилшиносии  вилояти Суғд то чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд аз партовҳои гуногун тоза гардонда шуд.

Дар аксияи мазкур донишҷӯён, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар тозагии маҳали зисти худ гузоштанд. 

 

Иловаи шарҳ