- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ-техникии Кумита

2 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. С. ҷаласаи Шӯрои илмӣ-техникӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур 5 ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои дастурамалҳо, ки қаблан таҳия гашта буданд, мавриди баррасии аъзои Шӯрои илмӣ-техникии Кумита қарор дода шуд.

Лоиҳаҳои баррасишуда ҳамчун зерсанадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби Маркази ахбори экологӣ, Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардиданд.

Ба ҳуҷҷатҳои баррасигардида аз ҷониби аъзои Шӯрои илмӣ-техникии Кумита пешниҳодҳо дода шуда, пас аз ворид намудани онҳо ба мундариҷаи лоиҳаҳо  ҳуҷҷатҳои мазкур барои тасдиқ пешниҳод мегарданд.

Иловаи шарҳ