- Навидҳои муҳим

Дар маҷлиси навбатии назоратии ҳафта

29 апрел маҷлиси  назоратии ҳарҳафтаинаи  назди Раиси Кумита баргузор гардид. Тибқи тартиби кори маҷлис нахуст сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Абдусалим Ҷӯраев оид ба супоришҳои ба сохторҳои зертобеъ додашудаи протоколи №13-и маҷлиси қаблӣ ва дар бораи рафти иҷрои бандҳои нақшаҳои кории  сохторҳои мазкур дар давоми моҳи апрел ҳисобот дод.

Барои ҳаматарафа таҳлил нагаштани ҳисоботҳои фаъолияти назоратии сохторҳои зертобеи Кумита  аз  ҷониби Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки аз рафти воқеии амалишавии лоиҳаҳо  бояд маълумоти дақиқ дода шавад. Дар ин баробар масъалаҳои рафти иҷрои бандҳои протоколҳои қаблии маҷлисҳои назоратии назди Раиси Кумита мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки барои чораҷӯӣ кардан, минбаъд оид ба ҳолатҳои  ноиҷро мондани супоришҳои протоколӣ, ки аз ҷониби сохтори масъул ба амал омадааст, маълумоти мушаххас ба Раиси Кумита пешниҳод карда шавад.

Раиси Кумита эродгирӣ аз он намуд, ки  тариқи оинаи нилгун вазъи иншооти обпартов дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди танқид қарор дода шуд. Ба шуъбаи  назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об супорида шуд, ки оид ба масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида,  вокуниш нишон диҳад.

Ба шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера супорида шуд, ки оид ба баъзе субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, аз ҷумла корхонаи «Ёқут»-и шаҳри Ваҳдат, ки ба муҳити атроф таъсири манфӣ мерасонанд, чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳамзамон, оид ба баромади кормандон тариқи васоити ахбори омма  андешаҳо ронда, қайд карда шуд, ки таҳлилҳои масъулини соҳавӣ дар самтҳо бояд қавӣ бошад, то ин ки  тамошобин ба маълумоти додашуда эътимод пайдо намояд.

Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар шоҳроҳи минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон гулҳои лолаи саҳроӣ фурӯхта шуда истодаанд, вале аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум суст ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, ба директори Агентии обуҳавошиносии Кумита Расулзода Ҳ. супорида шуд, ки оид ба масъалаи  баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои минбаъда хабарҳои  пешакӣ омода ва пешниҳоди аҳолӣ намояд, ба реҷаи обмонӣ дар  заминҳои кишоварзӣ низ  дахл карда шавад.

 Масъулини дахлдори соҳавӣ вазифадор карда шуданд, ки  оид ба ҳолати экологии канданиҳои фоиданоки маъмули умум  маълумоти лозимӣ манзур намоянд.  Инчунин ба сармуҳосиб Исоев Р. ва сохтмончии Кумита Бозоров С. супорида шуд, ки корҳои азнавсозиро дар гулгашти вобасташуда, воқеъ дар кӯчаи С. Шерозӣ то Н. Қарбоев, тибқи лоиҳа саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонида супоранд. Ин ва дигар масъалаҳое буданд, ки дар рафти маҷлис мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Иловаи шарҳ