- Хабарҳо

Семинари бозомӯзӣ дар ду мавзӯи муҳимтарини ҳифзи муҳити зист

Тибқи Нақшаи ташкил ва баргузории семинарҳои бозомӯзӣ санаи  26 апрел  дар Кумита оид ба ду  мавзӯи муҳими ҳифзи муҳити зист, яке «Таъмини назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дар корхонаҳои саноатӣ» дигар оид ба «Тартиби муйян намудани партовҳои бесоҳиб ва ба қайд гирифтани онҳо дар маҳалҳо»  семинари навбатии бозомӯзӣ доир гардид.

Аз рӯи мавзӯи аввал сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера Саидисмон Судуров баромад намуда, мавзӯъро бо ҷузъиёташ шарҳу маънидод кард. Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти ҳамаи  мақомоти санҷиширо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба танзим медарорад. Мақсади гузаронидани санҷиши фаъолияти  субъектҳои хоҷагидор ин кам кардани  таваккал барои саломатии  шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути  таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  субъектҳои  хоҷагидор дар раванди  амалӣ намудани фаъолият  мебошад.

Мавзӯи дуюми семинарро оид ба «Тартиби муйян намудани партовҳои бесоҳиб ва ба қайд гирифтани онҳо дар маҳалҳо» сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо Мақсадулло Мардонов шарҳ дод. Дар баррасии масъала мундариҷаи қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, №626 оид ба Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ба иштирокдорон фаҳмонда шуд.

Дар ҳошияи баромадҳо оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда суолҳои сершумор пеш омада, ба ҳамаи суолҳои марбута  аз ҷониби баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас гардонда шуд.

Иловаи шарҳ