- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Амалиётҳои фаврӣ оид ба пешгирии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва хурданибоб дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар — Кӯлоб

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, тибки бо мақсади иҷрои банди 3-и Протоколи №13-и маҷлиси назоратии назди Раиси Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва хурданибоб, инчунин хариду фӯруши гулҳо дар шоҳроҳҳои Душанбе – Бохтар,  Душанбе – Хуҷанд ва минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар якҷоягӣ бо мутахассисони шӯъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Рӯдакӣ, Хуросон ва Данғара амалиётҳои фаврӣ гузаронид. 

Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар — Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ва Данғара 5 адад қонуншиканӣ оид ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва хурданибоб ошкор карда шуд. Нисбат ба шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Данғара ва Хуросон ирсол карда шуд.

Инчунин, бо назардошти манъ будани сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ аз 1 апрел то 15 июни соли 2019,  дар дарёи Вахш ҳудуди шаҳри Бохтар як адад тури моњидорӣ бо дарозии 20-25 метр аз дохили дарё бароварда шуда, моҳиҳо ба дарё сардода шуд.

Иловаи шарҳ