- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ошкор намудани ғайриқонунии шикори моҳӣ аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ аз ҷониби мутахассисони шуъба сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардида парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 230 кисми 2 кодекси ҷиноятӣ нисбати шаҳрванди шаҳри Бохтар, кӯчаи Г.Норинов Авлиев Ҷурабек Муродович оғоз гардид.

Шаҳрванди номбурда бо таҷҳизоти худсози усули барқӣ (электроудочка) ба шикори моҳӣ машғул буд, ки ба миқдори 65 адад моҳӣ мусодира гардид, ки аз инҳо 13 адад леш, 20 адад усач ва 32 адад карас мебошад. Маводҳои лозима ба прокуратураи ноҳия пешниҳод гардида, зарари ба муҳити зист расонидашуда пурра ситонида шуд.

Иловаи шарҳ