- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Хирс бо хирсбачааш бе расонидани ягон осеб раҳо карда шуд

Дар деҳоти Гулисурхи ҷамоати  деҳоти Қади оби шаҳри Роғун як адад модахирс бо  бачаи хурдсолаш, ки  ба боғи себи як нафар сокини маҳал даромада буд, раҳо карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун хабар доданд.  Ба қавли масъулони шуъба яке аз сокинони маҳал ба онҳо хабар додааст, ки ба боғи себи берун аз деҳаашон хирс даромадааст. Ҳангоми сафарбар гардидани нозирони шуъба маълум шудааст, ки дар ҳақиқат як адад хирси маҳаллӣ бо хирсбачаи хурдакакаш  дохили он боғ будаанд, вале хирсбача дар як нуқтаи  кашидашудаи симтури атрофи боғ дармондааст.

Ба иттилои манбаъ, бо ёрии якчанд нафар сокинони маҳал ва иштироки масъулони ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун  ин ҷонварон бе расонидани ягон гуна осеб аз ҳудуди боғ ба муҳити пештараашон раҳо карда шуданд.

Иловаи шарҳ