- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

17 августи соли 2020  маҷлиси ҳарҳафтаи  Раиси Кумита оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он дар ҳафтаи аз 10 то 14 августи  соли 2020 баргузор гардид. 

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи сипаришуда дар сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Кумита сардори Раёсати мониторинг  ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев Абдусалим ҳисобот дод. 

Пас аз шунидани гузориши ҳисоботӣ Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон  оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва сатҳи иҷрои супоришҳои додашуда ибрози назар намуд.  Раиси Кумита ба Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, ишнчунин  аз шуъбаҳои назоратӣ эродгирӣ намуд, ки  таҳлили амиқ нагаштани самтҳо боиси паст гаштани нишондодҳои назоратии баъзе  сохторҳои маҳаллӣ, аз ҷумла шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт мегардад. Ҳамзамон, оид ба нокифоя будани фаъолияти назорати  самти набототу ҳайвонот изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар ин росто масъулини иҷро вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш гузориш пешниҳод намоянд.

Вобаста ба супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита додашуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис қабул гардид ва барои корбарӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ