- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Турсунзода

Санаи 13 августи соли равон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” баргузор гардид.

Тозагии муҳити зист бо иштироки беш аз 800 нафар сокинони маҳал, намояндагони корхонаю муассисаҳои  ва хоҷагиҳои деҳқонии маҳал  дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, хусусан ҳудуди деҳаи Сайдалӣ Табаров гузаронида шуд. Дар пайи тозакориҳо алафҳои худрӯй ва хасу хошок бартараф карда шуд. Инчунин буриши санитарии дарахтон амалӣ гардида, ҷӯйҳои байнидеҳавию байнихоҷагӣ тоза ва ба тартиб дароварда шуд.

Дар натича 3 км роҳ тоза ва 12 куб партовҳо ба партовгоҳи асосӣ интиқол дода шуд. Чунин аксияҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот бо мақсади пешвози сазовори 29-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Иловаи шарҳ