- Ҳавои атмосферӣ

Таъсири нақлиёт ба ҳавои атмосфера

Зиёдшавии шумораи воситаҳои нақлиёт  боз ҳам  водор менамояд, ки ба сифати газҳои ихроҷшаванда  аҳамият диҳем. Ҳангоми сӯхтани сӯзишвории бензин қариб 200 намуди моддаҳои ифлоскунанда ҳосил мешаванд. Аз ҳама газҳои заҳрнок дар байни инҳо ин оксиди карбон, оксиди нитроген, карбогидрадҳо, дуда ва  металҳои вазнин мебошанд.

Барои кам кардани партовҳои воситаҳои нақлиёт зарур аст, ки воситаҳои нақлиёт сари вақт аз муоинаи техникӣ гузаронида шавад.

Ҳангоми санҷиши партови гази ихроҷшавандаи нақлиёт танҳо мавҷудияти гидрокарбонатҳо ва оксидҳои карбон ба назар гирифта мешавад. Аз нақлиётҳои дизелӣ бошад  дуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Бисёри моддаҳои зарарнок дар масофаи 50-150 см аз замин баланд ҷойгиранд, барои ҳамин онҳо метавонанд бе ягон мушкилӣ ба организми инсон ворид шаванд.

Гази карбон ранг ва бӯй надорад, барои ҳамин инсон дар ҳаво мавҷуд будани онро ҳис намекунад.  Дар нақлиётҳое, ки то охир насухтани сӯзишворӣ мушоҳида мешавад, боиси зиёд ҳосилшавии гази карбон мегардад. Ҳатто дар муддати кӯтоҳ дар дохили бино (ё ин ки дар салони нақлиёт) будан, ки консентратсияи баланди гази карбон дорад, ба марг оварда мерасонад.

Иловаи шарҳ