- Обуҳавошиносӣ

Аксияи «Тозагии соҳил-2019» дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бомаром идорма дорад

Ҷиҳати  иҷрои фармоиши  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали  соли 2019, №10 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аксияи «Тозагии соҳил-2019» баргузор гардида истодааст.

Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ  марҳилаи дуюми аксияи мазкур санаи 20  апрели соли 2019,  дар ҷамоати  М. Ширинҷонов гузаронида шуд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва табақаҳои дигари ҷомеа ба ин чорабини ҷалб гардида, дар ҳудуди ҷамоат соҳили дарё, ҷӯйборҳо ва рудхонаҳоро ба масофаи 12 км аз партовҳо тоза карданд. Дар ин чорабиниҳои муҳим зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони ҷамоатҳо иштирок намуда, сокинони деҳаҳои Сохчарв, Бунӣ ва раисони ташкилотҳои ҳамаи деҳаҳои ҷамоат саҳмгузорӣ намуда, партовро ба миқдорӣ 18м3 ба партовҷо интиқол доданд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Роштқалъа дар   деҳаҳои Тавдем, Тусён ва Шод,  бо иштироки  шаҳрвандон ва толибилмони синфҳои болои аксия гузаронида шуд. Аснои аксия  соҳилҳо ба масофаи 10км аз партовҳо тоза гардида, ба миқдори 6,5м3 партовҳо  ба партовҷо интиқол дода шуд. Дар аксияи мазкур 70 нафар шаҳрванд иштирок намуд. 

Моҳи апрел дар  ҳудуди вилоят дар маҷмӯъ 65км соҳилҳо тозакорӣ   карда шуда, 73,5м3 партов ба партовгоҳ бароварда шуд. Дар чорабинии мазкур  1065 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд. Ин маъракаи муҳим тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд.       Аксияи  «Тозагии –соҳил 2019» дар дигар навоҳии вилоят бомаром идома дорад.                                                                                                                                                                                    

Иловаи шарҳ