- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Беш аз сад ҳазор кирминамоҳӣ ба обанбори сарбанди шаҳри Левакант сард дода шуд

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба шароити мусоиди иқлимаш дар самти парваришу истеҳсоли моҳӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеи хоса дорад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» аз калонтарин хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар он 52 нафар мутахассисон дар масоҳати 694 гектар кӯлҳо ба парвариши се намуди моҳӣ: пешонағафси сафед, амури сафед ва зағорамоҳӣ машғул мебошанд.

 Моҳипарварони хоҷагии мазкур ҷавобан ба дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар, тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби фоидаи софи хоҷагӣ беш аз сад ҳазор кирминамоҳиро ба обанбори нерӯгоҳи обӣ барқии Сарбанди шаҳри Левакант сар доданд.

Чунин иқдом бори аввал набуда, дар оянда низ роҳандозӣ карда мешавад.

Хоҷагидорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи Моҳии хушзоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷорӣ гардидани сабукиҳои андози давлатӣ дар самти моҳипарварӣ руҳбаланд гардида, аз ҳисоби даромади соф кори худро равнақ мебахшанд.

Ба иттилоли масъулини Асатсиатсияи моҳипарваррони вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят дар масоҳати 2147 гектар ҳавзу кулҳо, парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Иловаи шарҳ