- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ғайриқонуни ҷамъовари растании “Камоли бадбуй”

Дар асоси  нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон  аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар якҷоягӣ  бо нозири милитсияи экологӣ ва корманди Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  дар ҷамоати деҳоти «Қизилқалъа» деҳаи “Сумбула” мавзеъи «Ганҷина» ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон амалиёти фаврӣ      гузаронида шуд. Муайян гардид, ки шаҳрванд Рустамов Манучеҳр сокини ноҳияи Данғара бо худ шаҳрванд Ғуломов Ҳотам ва Бобиев Тоҳирро ҳамчун корманди кироя ҷалб намуда, худсарона ва ғайриқонунӣ   ба таллу теппаҳои куҳсор баромада навдаҳои буттаҳои растании “Камоли бадбуй”-ро ба миқдори 300 бех бурида гирифта бехи кундаҳоро бо теша нарм намуда, аз хок тоза карда, 100 бехи кундаро бо корди махсус бурриш намуда, бо мақсади минбаъд коркард ва ҷамъоварии шираи “Камоли бадбуй” тайёр намудаанд, ки ин ҳолат ошкор гардида, нисбати шаҳрвандони дар боло зикргардида мавод тартиб дода, парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, айни ҳол дар шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Хатлон дар ҳолати баррасӣ   қарор доранд.

Иловаи шарҳ