- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Баҳоркаҳак – Стригозелла (StrigosellaBoiss.)

Баҳоркаҳак аз оилаи растаниҳои чилликгулон (салибгулон) мебошад. Намояндаи ин оила манфиати хӯрокаи чорво, табобатӣ, техникӣ дорад, ки дар тамоми кишварҳои нисбатан иқлими континенталии камрутубатдошта паҳн гардидааст.

Аслан, намудҳои ин авлод пас аз буридани дарахтзорон ва ҷангалњои сираки хушкадӯст (аридӣ) паҳн гаштааст ва майдонҳои васеъро ишғол менамоянд. Намудҳои авлоди баҳоркаҳак, ё мулкакгулак дар ҳар се, панҷ сол дар вазиъяти ҳамоҳанги намнокӣ ба муътадил будани ҳарорати ҳавои атмосфераи (20–25 о) минтақа руҷӯъ ва рушди сеҳрнок (алангаи популатсионӣ) менамоянд. Акаср дар нисбӣ ва болои тепаҳои каммайл ( 10–20 градус)  манзараҳои васеъро дар майонҳои 20–100 га заминҳои хушсифат ташкил менамояд.

Дар Тоҷикистон 14 намуди ин авлод мерӯяд, ки ҳар як намудаш ба худ ранги гули хос дошта, аз якдигараш бо рангу ҳаҷму сохти гулашон фарқ менамоянд. Ин растанӣ дар мавсими аввали баҳор (март – май) характери манзаравӣ гирифта болои заминро бо ранги ҳархела қолинсифат оро медиҳад. Қисми зиёди онҳо дар якҷоягӣ ба растаниҳои ду намуди  нахутаки яксола (астрагал) месабзад, ки ранги гулобӣ доранд.

Дар солҳои серрутубати гармии муътадили баҳор рост омадан афзоиши хеле зиёд менамоянд ва ҳосилнокии чарогоҳҳоро аз ҳар гектар то 15 – 17 сентнер баланд мешавад. Имсол яке аз солҳои афзоиши зиёди ин растанӣ аз тухммеваи дар солҳои пешинбуда ба ҳисоб меравад. Ин нишонаи баҳори пурфайз мебошад. Қобили қайд аст, ки афзоиши баҳоркаҳак аз рӯи географияи ҷойгиршавиашон дар шароити куҳистон нисбат ба  баландии аз сатҳи баҳр аз 300 – 400 то 2500 м паҳн гашта, дар қатори растаниҳои дигар ҳосилнокии чарогоҳҳоро афзун мегардонад. Минтақаҳои асосии паҳншавии растании баҳоркаҳак дар Тоҷикистони ҷанубӣ ва шимолӣ месабзад хеле маъмул буда, ҳосилнокии ин чарогоҳоро афзун мегардонад. Намудҳои асосии дар сарҳади Тоҷикистон паҳнгашта инҳо баҳоркаҳаки туркистонӣ, африқоӣ,  паҳнбарг, борикпоя,  борикбаргак,  пашмдорак ва монанди инҳо мебошанд.

 

 

 

 

Иловаи шарҳ