- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Ба истифода дода шудани сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом

Бо мақсади  ҷамъоварӣ ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Қодиров И. дар назди партовгоҳи шаҳрӣ дар майдони 2 га сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо сохта ба истифода дода шуд. Самти асосии фаъолияти цехи мазкур ҷамъ намудан ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо буда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 23-30 т партовҳои  гуногун ба намудҳо ҷудо карда мешаванд. Айни ҳол дар ин коргоҳ 22 нафар кормандон фаъолият мебаранд.  

Роҳбарияти корхона мақсад дорад фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд намояд ва як сехи нав барои коркарди хоку пасмондаҳои партов бо мақсади истифодаи он дар заминҳои кишоварзиро сохта ба истифода диҳад.

Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани чунин сехҳо дар шаҳр теъдоди партовгоҳҳои бесоҳиб кам гашта, ба кам шудани ҳаҷми партовҳои  партовгоҳи шаҳрӣ мусоидат намуда истодааст.

Иловаи шарҳ