- Хабарҳо

Семинари омӯзишӣ дар самти қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки сардорони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти НТМ

Дар асоси  нақшаи  чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи супориши Раиси Кумита  5 августи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказии Кумита  бо  иштироки сардорони шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари бозомӯзӣ  доир гардид.  Дар семинар масъулони шуъбаҳои назорати давлатии Кумита Судуров С., Шукуров И., Алимардонов К., Шамсиддинов Х. баромад намуданд.

Дар рафти семинар оид ба қоидаҳои  гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, моҳияти кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, №1668 ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи моддаи 27 Кодекси мазкур доир ба пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди назорати давлатӣ  дар самти ҳифзи замин, КФМУ ва муомилот  бо партовҳо ва тартиби ҳисоб намудани пардохтҳо, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, моҳияти қонунгузорӣ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» оид ба танзими партовҳо ба ҳавои атмосфера ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»,  тартиби дурусти ҳисоб намудани пардохту зарар ва бастани ҷарима  дар самти захираҳои об тибқи қонунгузории амалкунанда, тарзи дурусти барӯйхатгирии истифодабарандагони махсуси об ва партовҳои обӣ дар субъектҳои соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ, инчунин мусоидат намудани субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати гирифтани иҷозат тариқи электронӣ, инвентаризатсияи табиатистифодабарандагон ва пешниҳод намудани рӯйхати субъектҳои хоҷагидор барои солҳои 2020-2021, тартиби пешниҳоди маълумот оид ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.   

Пас аз муҳокимаронӣ ва саволу ҷавобҳо аз тарафи кормандони мақомоти  ҳифзи  муҳити зист як қатор дархостҳо  оид ба пешбурди фаъолият  мусоидаткунанда пешниҳод карда шуд. 

Чунин  семинарҳои омӯзишӣ то имрӯз дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба хотири тақвият бахшидани фаъолияти назоратии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шудаанд.

Иловаи шарҳ