- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Назорати заҳбуру захкашҳо

Тибқи нақшаи корӣ, аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми  гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди заминҳои  Кооперативи  тиҷоратии ба номи  Кушатов ошкор карда шуд, ки пеши роҳи заҳбур баста шуда, обҳои заҳкаш истифода бурда шуда истодаанд. Инчунин  заҳбурҳои дар ҳудуди хоҷагӣ буда  саривақт тоза карда намешаванд.

 Дар натиҷа санад тартиб дода шуда, нисбати саркишоварзи корхонаи мазкур бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Иловаи шарҳ