- Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар ноҳияи Шаҳристон  аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он  кормандони соҳаи маориф, сокинони маҳаллаҳо хамагӣ  85  нафар иштирок доштанд.

Дар рафти аксия  ҷӯйбору  қади роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, партовҳо ба миқдори  5 м3 ба партовгоҳи расмии ноҳия  бароварда шуданд.

Иловаи шарҳ