- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  иттилоъ доданд, ки бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани  муҳити зист тибқи нақшаи тасдиқгардида пайваста ҳашарҳо ва аксияҳои экологӣ гузаронида мешаванд.  Қобили зикр аст, ки дар чорабиниҳои мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ ҷалб карда шуда, саҳми худро дар беҳдошти муҳити зист ва ободонии гӯшаҳои диёр мегузоранд.

Тасмими навбатӣ дар намуди ҳашар санаи 4 августи соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Каленини деҳаи Обшорони ноҳия гирифта шуд. Дар рафти ҳашар зиёда аз 16м3 партовҳои ҷамъоварда шуда ба партовҳои расмӣ интиқол дода шуд.

Иловаи шарҳ