- Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ

Бо ташабуси кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар дастаҷамъӣ бо сокинони деҳаи Тавдеми ноҳияи мазкур аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид, ки дар кори он 47 нафар иштирок намуд. Дар аксия ҳудуди соҳили дарёи Шоҳдара дар масофаи 1,5 км аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда 2,5 м3 партовҳо ба партовгоҳи ноҳиявӣ интиқол гардиданд.

Иловаи шарҳ