- Хабарҳо

«Ҳолати кунунии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар семинари бозомӯзии Кумита

18 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳолати кунунии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Мавзӯъро сардори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумита  Н. Сарабеков шарҳ дода, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин истифодаи қайримақсадноки манбаъҳои обиро аз ҷониби одамон сабабгори асосии таназзул ёфтани оби маҷрои дарёҳо арзёбӣ намуд. Махсус зикр карда шуд, ки амалигардонии самараноки Нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои пешгирии ҳолатҳои ногувори маҷрои дарёҳо  ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Қисмати дигари машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ ба масъалаҳои ҳамкории Кумита бо фонди глобалии экологӣ ва дигар  ташкилотҳои байналмилалии экологӣ бахшида шуда, дар ин бора сардори бахши робитаҳои байналмилалии Кумита М. Салимов равшанӣ андохт.

Сипас, вобаста ба мавзўъҳои матраҳшуда байни иштирокдорони семинар ва баромадкунандагон суолу ҷавоб сурат гирифта, суолкунандагон  оид ба ҳамаи самтҳои масъалаҳои марбута ҷавобњои мушаххас гирифтанд.

Иловаи шарҳ