- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Дарвоз

1 августи соли равон аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз дар ҷамоатҳои деҳоти Нулванд, Қалъаихум, Вишхарв ва Сағридашт аксияи «Тозагии соҳил» гузаронда шуд. Дар чорабинии мазкур 250 нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ва сокинони деҳаҳои ноҳия иштирок намуданд. Дарёчаи Хумбоб ва дарёи Панҷ дар масофаи 20 км аз партовҳои ҳархела дар ҳаҷми 10м3 тоза карда шуда, бо воситаи 1 адад техника ба партовҷо интиқол дода шуданд.

 

Иловаи шарҳ