- Хабарҳо

Аксияи «Тозагии ҳаво» дар Душанбе

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани чораҳо вобаста ба коҳиш додани партоиши партовҳо ба ҳавои атмосфера тибқи нақшаи тасдиқгашта бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аксияи экологии «Тозагии ҳаво» доир гардид.

Дар рафти гузаронидани аксия дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, Айнӣ, Аҳмади Дониш, Қаҳҳоров, Ҳофизи Шерозӣ мушоҳида гардид, ки то ҳанӯз аксарияти ронандагони воситаҳои нақлиёт ва масъулини ширкатҳои иншоотҳои сохтмонӣ ба қоидаҳои тозагии саллачархҳои воситаҳои нақлиёт, борҳои пошхурандаи беболопӯш, ки ҳангоми ҳамлу нақли боркашонӣ боиси ифлос гардидани кӯча ва шоҳроҳҳо мегардад, аҳамият надода, нисбати риояи фасли 5-и Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе саҳлангорӣ мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки тадбирҳои мазкур дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, дар баробари андешидани чораҳои маъмурӣ ҳамзамон ба ронандагони воситаҳои нақлиёт корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти риояи талаботҳои экологӣ гузаронида шуд.

Дар аснои гузаронидани рейди фаврӣ нисбати соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки таркиби партовашон аз меъёрҳои муайяншуда зиёд буданд, 34 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе мутобиқ ба иҷрои дастури

Раиси шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза назоратро дар нуқтаҳои даромадгоҳи пойтахт ва кӯчаву хиёбонҳо пурзӯр намуда, нисбати қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои муассир андешида, корҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.

Иловаи шарҳ